Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат ва миллати хеш аст, гуфт Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми донишкада зимни ифтитоҳи маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рӯзи 22 ноябри соли равон доир гардид. Ӯ ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки қабули Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нахустин тасмимҳое буд, ки дар ташаккул ва эъмори давлати мустақили тоҷикон нақши ниҳоят муҳим дорад. Хушбахтона, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва пайравони ин миллату давлат – ҷавонон низ дар парафшонии Парчами давлатии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузоранд. Аҳли коллективи меҳнатии донишкада ва толибилмон дар таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ва бузургдошти ин муқаддасоти миллӣ фаъолона иштирок мекунанд, ки он яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ маҳсуб меёбад, гуфт дар охир Қодиров Ф. 
Сипас Асадулло Муллоҷонов, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Аз таърихи парчамдории тоҷикон» баромад карда, сайри таърихии оини парчамдории тоҷикон намуд. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо - Коваи оҳангар будааст. Имрӯз бошад, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. 
Дар чорабинӣ, инчунин аз тарафи Раҳматулло Ҳомидов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мавзӯи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муқаддасоти миллӣ» маърӯза шунида шуд. Гуфта шуд, ки парафшонии Парчами давлатӣ ин нишонаи рушду инкишофи давлат аст. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Дар парчами кишварамон таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад. 
Дар охири чорабинӣ ба як қатор донишҷӯён, аз ҷумла Дилшод Давлатов, Аҳмадшоҳи Саидмусалламзода, Ҳусниддинова Зарина, Пиров Наврӯзбек, Алиев Музаффар барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино супорида шуд. 
Ҳамин тавр, маҷлиси мутантан ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ҳусни анҷом пазируфт. 


Машҳура Абдуллоева