Хабарҳо

Такмили ихтисоси омӯзгорон-омили болоравии сифати таълим
Шурӯъ аз 15 ноябр соли ҷорӣ зиёда аз 80 нафар омӯзгор аз курсҳои равияи иқтисодии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегузаранд. Ба шунавандагон аз фанҳои педагогикаи мактаби олӣ, психологияи муошират дар мактаби олӣ, забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ, молия ва қарз, макроиқтисод, иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирии муҳосибӣ, низоми иттилоотии амалиётҳои молиявӣ, андоз ва андозбандӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Онро олимони соҳа, аз ҷумла Ғафуров А., д.и.ҳ., профессор, Камолиддинов Б., д.и.ф., профессор, Қандиёрова Д., д.и.и., профессор, Низомов С., д.и.и., профессор, Бегматов А., н.и.и., профессор, Саидмуродова М., н.и.и., дотсент, Расулов С., н.и.с., дотсент, Наим Зариф, н.и.п., дотсент, Исломов Т., н.и.и., дотсент ва Бобоев Р., муаллими калон мегузаранд.
Курсҳо ҳамарӯза аз соати 16 00 оғоз гардида, то санаи 26 декабри соли равон идома меёбанд.
Ба шунавандагон баъди хатми курс диплом дода мешавад.
Хисрав Муҳиддинов