Хабарҳо

Назаре ба таърихи парчамдории тоҷикон
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ санаи 22 ноябри соли ҷорӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро бахшида ба 25-умин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Маҳфилро роҳбари маҳфил, дотсент Асадулло Муллоҷонов кушода, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд.
Сипас ассистенти кафедра Баҳрулло Холов дар мавзӯи «Таърихи парчамдории тоҷикон» маърӯза кард. Номбурда афзуд, ки Парчам мувофиқи қонуни асосии давлатамон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ифодагари соҳибистиқлолӣ, соҳибватании халқу миллатамон мебошад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам ин дӯст доштани Ватан, эҳсоси масъулият дар назди Ватан буда, дар зери он саф кашидан нишони ҳамеша ба дифои ин марзу бум омода будан ва ҳифз намудани музаффариятҳои он мебошад.
Дар интиҳо гуфта шуд, ки мояи ифтихору сарфарозии мост, ки имрӯз миллати моро бо парчами давлатиамон мешиносанд.
Иқбол Ҷобиров, устоди кафедра