Хабарҳо

Нақши арзишҳои миллӣ дар ташаккули муносибатҳои иқтисодию молиявӣ
Рӯзи 23 ноябри соли равон семинар-машварати илмӣ-назариявии «Коршиноси иқтисодӣ» ва маҳфили зеҳнии «Иқтисод ва ҷомеа»-и факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши арзишҳои миллӣ дар ташаккули муносибатҳои иқтисодию молиявӣ» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи семинар-машварат Қутбиддин Муқимов, сардори раёсати илм ва инноватсия қайд намуд, ки тибқи стратегияи рушди иқтисоди миллӣ доир намудани чунин чорабиниҳои илмию назариявӣ хело муҳим мебошанд.
Сипас Асадулло Муллоҷонов, н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Аз таърихи пайдоиши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Номбурда зикр кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Ба дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад ва ҳисси созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳувайдо мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад.
Ҳамзамон мудири кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев дар мавзӯи «Модели шуғли пурмаҳсул ҳамчун низоми тақвиятдиҳандаи арзишҳои миллӣ» тариқи презентатсия баромад намуда, доир ба имкониятҳои рушди иқтисоди миллӣ, усулҳои таҳқиқ ва омӯзиши дарёфти роҳҳои рушд бо далелу рақамҳои мушаххас ва тамсилаҳои характери эҷодидошта баррасӣ кард.
Дар охир аз ҷониби раёсати илм ва инноватсия барои гузаронидани маҳфилҳои илмӣ - назариявӣ ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои донишкадавӣ ба як қатор донишҷӯён, аз ҷумла Ҷовидон Халифаев, Бобозода А., Куканбекова Албина Сипоснома тақдим гардид.
Муҳиддинов Хисрав