Хабарҳо

Парчами нангу номи мо
22 ноябр дар хобгоҳи № 1 бо иштироки донишҷӯёни хобгоҳ ва садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Декани факултет Амрулло Нурализода дар баромади худ қайд кард, ки пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ нишони давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб меёбад. Зикр гашт, ки ҷавонон бояд пайваста заҳмат кашида, илмҳои замони хешро аз бар намоянд. Бояд онҳо монанди Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Беҳруз Хоҷазода ва дигарон парчамбардори Ватани маҳбуб бошанд.
-Хушбахтона, Хукумати мамлакат ҳамаи шароитҳои заруриро барои насли ҷавон фароҳам сохтааст, афзуд А. Нурализода ва ба ҷавонон таъкид намуд, ки ояндаи дурахшони ин сарзамин дар дасти онҳост.
Сипас донишҷӯи курси 2 Абдурашид Зикрзода дар мавзӯи «Дирафши ковиён» баромад намуда, оид ба таърихи парчамдории миллати фарҳангсолори тоҷик маърӯза намуд.
Н. Тӯйчизода