Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Рӯзи 25 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ дар мавзӯи «Технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» доир гардид. 
Онро бо сухани ифтитоҳӣ Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм оғоз карда, қайд намуд, ки технологияҳои иттилоотӣ дар пешбурди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инро ба назар гирифта, Консепсияи рушди ҳукумати электрониро қабул кардааст, ки имрӯзҳо татбиқи густурдаи он дар тамоми соҳаҳо дида мешавад ва дар замони муосир рушди фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ бе истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ғайриимкон аст. 
Сипас Дилшод Насков, сардори раёсати технологияҳои иттилоотии АСИН-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Технологияҳои иттилоотӣ дар системаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ» баромад карда, дар бораи зарурати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ин соҳа истода гузашт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки бе истифодаи технологияҳои иттилоотӣ қабули қарорҳои асосноки муътамад, ки ба баҳодиҳии актуарии вазъи молиявии низоми нафақа ва самтҳои имконпазири ислоҳот ва таҷдиди он вобастаанд, номумкин аст. 
-Технологияҳои иттилоотӣ дар таъмини иттилоотии муносибатҳои байни мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва аҳолӣ нақши ниҳоят калон дорад, гуфт Насков Д. 
Iqtis4001.jpgБаъдан Манзура Кошонова, д.и.и., профессор дар мавзӯи «Таҳлили минтақавии интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ» ва Фахриддин Мирзоахмедов, д.и.т., профессори донишкада дар мавзӯи «Нақши технологияҳои иттилоотӣ ва моделсозии математикӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд. 
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёт ду соҳаи ба ҳам алоқаманд аст, ки дар маҷмӯъ онҳо самараи хуби иқтисодӣ ва натиҷаи истеҳсолии назаррас медиҳанд. Дар иқтисодиёт технологияҳои иттилоотӣ барои коркарди самаранок ва интихоби маълумотҳо ва барои қонеъгардонии талабот ба иттилоот ва ғайраҳо лозим аст. Ҳамчунин технологияҳои иттилоотӣ барои қабули қарорҳои муҳими иқтисодӣ кумак расонида, имкон медиҳанд, ки натиҷаи иқтисодӣ ҳисоб ва ояндабинӣ карда шуда, дар асоси он қарори дурусти идоракунӣ қабул карда шавад. 
Конфронс дар ду бахш – технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳо ва бахши моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ корашро идома дод, ки дар онҳо беш аз 40 маърӯзаҳои илмӣ баррасӣ гардид, ки масъалаҳои технологияҳои иттилоотӣ дар ташкили раванди таълим, усулҳои моделсозии эконометрикӣ дар иқтисодиёт, таҳлили эконометрикии даромади давлатӣ ва дурнамои он ва дигарҳо таҳлил гардиданд. 
Пешниҳод гардид, ки дар донишкада маҳфили «Моделсозони ҷавон» ташкил карда шавад, ки бо роҳбарии профессор Мирзоахмедов Ф. барои рушди оянданигории моделсозони ҷавон саҳм мегузорад. 


Машҳура Абдуллоева