Хабарҳо

ВИЧ/СПИД ва хатари он
27 ноябри соли равон дар донишкада бо ташаббуси бунгоҳҳои тиббии ДМИТ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД, ки ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми декабр қайд мегардад, барпо шуд.
Бадриддин Музаффаров, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва хоҷагию маъмурӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки чунин корҳои таблиғотию иттилоотӣ баҳри пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам мусоидат менамояд. Намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Елена Ляпина, Парвина Бодурова, Лариса Каримова, Саидбек Исоев, Абдурауф Абдувалиев ва дигарон дар баромаду суҳбатҳои худ дар бораи ин ҷамъият, ки ҳадафи асосии фаъолияташ ёрии башардӯстона аст, маълумот доданд. Зикр гардид, ки дар 6 донишгоҳи олии пойтахт чунин чорабиниҳо доир шуданд.
Ҳамшираи тиббии донишкада М. Ҳакимова ва намояндаи Маркази ВИЧ/Спид дар шаҳри Душанбе С. Набиева низ дар баромади худ доир ба роҳҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ иттилоъ доданд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар гирифторони ин вирус ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷониби донишҷӯёни хобгоҳҳои донишкада дар ин мавзӯъ саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуд. Сипас ихтиёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ бо саҳнача ва баромадҳои худ барои рангинтар гузаштани чорабинӣ мусоидат намуданд. Пас аз пахши роликҳои тарғиботӣ барои донишҷӯён виктарина доир шуд ва ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Насрулло Тӯйчизода