Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 23 ноябри соли равон дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азизам!» доир гардид, ки дар кори он Руқия Қурбонова, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҲХДТ, Абдуллои Роҳнамо, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтовар Сафарзода, вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҳайл Қодирӣ, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд. 
Зимни оғози кори конференсия Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо дар давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъиятӣ соҳиби шаклҳои мухталифи давлатдорӣ буда, аз парчамдорони асил маҳсуб меёфтанд. Онҳо парчамро ҳамчун рамзи ба иттифоқу якдилӣ расидан дар роҳи амалӣ сохтани армонҳояшон меҳисобиданд. Имрӯз низ парчам чунин хусусиятҳоро дорост. 
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодӣ, пирузии некӣ бар бадӣ ва таҷассумкунандаи имрӯзу ояндаи давлатдории миллӣ дар замоне қабул гардид, ки кишвари мо бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар гирдоби бозиҳои сиёсиву низомӣ қарор дошт, охирин арзиши маънавии ҷомеа боварии мардум нисбати давлату ҳукумат аз байн рафта буд, вале маҳз ғояҳои созандаи Пешвои миллатамон буд, ки мардуми шарифи кишварро дар атрофи ҳамин парчам ба умеди ояндаи дурахшон гирд овард,- афзуд номбурда. 
Дар тақвияти гуфтаҳои боло Абдураҳмон Хонов дар мавзӯи «Нақши Парчами давлатӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ», Абдуллои Роҳнамо, дар мавзӯи «Нақши парчам ҳамчун рамзи сиёсӣ дар идоракунии давлати миллӣ», Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи «Парчам рамзи гӯё ва эҳёгари ваҳдати миллӣ», Бахтовар Сафарзода доир ба тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Абдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДМИТ дар мавзӯи «Ҷавонон парчамбардорони миллат» бо баёни факту далелҳои мушаххасу воқеӣ ибрози андеша намуданд. 
Дар интиҳои ҷамъомад миёни иштирокчиёни конференсия мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Дилшод Давлатов, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон - созандагон»-и ҲХДТ дар донишкада