Хабарҳо

Нишони садоқат
Ҳамасола рӯзи 24 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат рӯзи 24 ноябри соли равон дар Боғи Парчами шаҳри Душанбе бахшида ба ин муносибат чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи олӣ доир намудани ин ҳамоиш кормандону донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии муқими шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 170 нафар, аз ҷумла роҳбарият, кормандону донишҷӯёни ДМИТ фаъолона иштирок карда, Рӯзи Парчами давлатиро сазовор ҷашн гирифтанд ва бо ин садоқати худро нисбат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ нишон доданд.
Хисрав Муҳиддинов