Хабарҳо

Муаммоҳои молиявии рушди иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир
7.12.2017с. Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи молия бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулии факултети молия ва қарз дар мавзӯи «Муаммоҳои молиявии рушди иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар он мутахассисон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ректори ДМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва донишҷӯёнро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия муборакбод намуда, дар зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиашон комёбиҳои беназирро таманно кард.
- Дар раванди давлатсозии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шудааст, ки имрӯз дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорад.
Ислоҳоти бахши молия дар асоси Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018, ки бо фармони Президенти кишвар аз 20 марти соли 2009 тасдиқ гардидааст, сурат мегирад, - афзуд ректор.
Давлатзода Қ. дар идома изҳор дошт, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд, кӯшиш карда истодаанд. Танҳо дар солҳои охир устодони донишкада даҳҳо китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимиро таҳия ва нашр намудаанд. Дар раванди таълим бошад, усулҳои муосири таълим ва воситаҳои техникӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, ки бешубҳа, тамоми фаъолияти сохторҳо ва устодони донишкада ба ҳалли масъалаи рӯзмарра - баланд бардоштани сифати таълим ва ба талаботи замона ҷавобгӯ будани мутахассисони ояндаи соҳаи молия равона гардидааст.
Аҳли устодони донишкада иди касбии хешро бо дастовардҳои назаррас дар раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ пешвоз мегиранд ва фахр аз он доранд, ки ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳм мегузоранд.
Баъд аз ин, Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия дар маърӯзаи хеш дар мавзӯи «Дастовардҳои низоми идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор дошт, ки боиси хурсандист, ки бо мақсади қадршиносӣ ва эҳтироми кормандони бахши молия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 7-уми декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда мешавад.
- Молия сутуни давлат аст ва низоми боэътимоди он аз сулҳу суботи кишвар вобаста мебошад. Ин аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи Ваҳдати миллӣ низоми молиявии ҷумҳурӣ ба як қатор дастоварду пешравиҳо ноил гардид. Ба амал баровардани пули миллӣ, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор. Бонки Рушди Осиё ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ густариш ёфтанд, - изҳор намуд муовини вазири молия.
Ҳамзамон, дар даври ифтитоҳии конференсия Сафаров С., сардори сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Самтҳо ва натиҷаҳои ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Каримова М., мудири шуъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ, н.и.и дар мавзӯи «Направления обеспечения открытости местных бюджетов в Таджикистане» ва Садриддинов М., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва андозбандии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавзӯи «Мавқеи технологияҳои молиявӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои беҳбудии самти фаъолият таклифу пешниҳодҳои судманд ба сохторҳои дахлдор ирсол карда мешавад.
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб доир гардида, конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод.
Наврӯз Ҷобиров