Хабарҳо

Робитаҳои хориҷӣ ва ҷалби лоиҳаҳои грантӣ вусъат меёбанд
Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДМИТ дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва робитаҳои хориҷии худ барои ҷалби лоиҳаҳои грантӣ як қатор корҳоро ба таври самарабахш ба роҳ мондааст. Аз ҷумла устодони кафедра барои амалӣ намудани нақшаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи деҳот»-ро таъсис дода, дар озмуни Лоиҳаи USAID оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ташкилоти Chemonics International амалӣ гардонида мешавад, иштирок намуданд.
Мақсади лоиҳа кумаку дастгирӣ, таҷдид ва рушди минбаъдаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва эътирофи ҳуқуқи истифодаи замин ҳамчун унсури асосии рушди заминистифодабарӣ мебошад.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва самаранок истифода бурдани замин гузаронидани чунин семинару тренингҳо муҳим ба шумор меравад.
Лоиҳа бо мақсади ҷалби занон ба корҳои заминдорӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ислоҳот ва истифодабарии замин тренинги яксола гузаронид. Дар омӯзиш занони ҳамаи деҳаҳои навоҳии Ҷ. Балхӣ, Хуросон, А. Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон фаро гирифта шуданд.
Дар рафти тренингҳо ба занон тарзи роҳбариву корбарӣ дар самти истифодаи босамари замин, роҳҳои даромади хуб ба даст овардан аз кишти зироатҳо ва аз ин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии худу хонаводаашон маълумоти муфассал ва маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки диққати асосии шунавандагони тренингҳо ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015с. №814 «Дар бораи тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин» равона карда мешавад.
Дар доираи амалигардонии барномаҳои мазкур кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ аз соли 2015 инҷониб ширкат меварзад. Дар ин баробар кафедра аз ҳисоби Лоиҳа бо компютер, дастгоҳи чопкуниву нусхабардорӣ ва сканер, инчунин барномаи базавии «АДЛИЯ», ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро пурра дар бар мегирад (ҷамъ бо маблағи 9000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ), ҷиҳозонида шуда, барои аз нашр баровардани воситаи таълимии «Асосҳои ҳуқуқи замин», ки аз ҷониби устодони кафедра таълиф ёфтааст, маблағгузорӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки воситаи таълимӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, ба донишҷӯёни ихтисосҳои 1-24010300 ва 1-24010302 50 нусха, ба кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ 50 нусха ва ба китобхонаи илмии ДМИТ 40 нусха ба таври ройгон дастрас карда шуд.
Шарипов У.А. ҳамоҳангсози Лоиҳа