Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бо коррупсия бояд дастҷамъона мубориза бурд

Бо коррупсия бояд дастҷамъона мубориза бурд

Шурӯъ аз соли 2004 санаи 9 декабр ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад. Ба ин мақсад, дар донишкада низ мизи мудаввар доир гардид, ки онро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Б. Сафаров ифтитоҳ намуд. Мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки қариб 10 сол мешавад, ки кишвари мо ба хотири муборизаи қатъӣ бо ин раванди номатлуб Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис додааст. Ин баёнгари он аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия тадбирҳои зиёд андешида истодааст. Соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба Конвенсия оид ба мубориза бо коррупсия аъзо шуд. Соли 1999 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» қабул гашта буд. Инчунин, Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 қабул гаштааст, ки дар асоси он дар тамоми муассисаҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудаанд. 
Ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ Б. Каримов дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб, сабабҳои пайдоиш ва оқибатҳои он», донишҷӯи курси 3, ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарзи факултети молия ва қарз С. Камолов дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ- ҳуқуқӣ» ва донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор Н. Мирзораҷабов дар мавзӯи «Коррупсия ва оқибатҳори хатарноки он дар ҷомеа» маърӯза намуданд. Зикр гашт, ки амалҳои ришваситонӣ ва кирдорҳои коррупсионӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва мубориза бо он бояд кори дастҷамъона бошад. 


Насрулло Тӯйчизода