Хабарҳо

Ду дастури таълимӣ муаррифӣ гардид
8 декабр дар донишкада бо ташабуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону аспирантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва ДМИТ– оид ба омӯзиши фанҳои «Банақшагирии стратегӣ» ва «Рушди иқтисоди минтақа дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» муаррифӣ доир гардид. Онро Хурсандмурод Ҳакимов- мушовири миллӣ оиди нақшагирии стратегии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ифтитоҳ намуд.
Зикр гашт, ки дастурҳои таълимии «Банақшагирии стратегӣ» ва «Рушди иқтисоди минтақа дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» аз ҷониби мушовирони миллӣ оид ба нақшагирии стратегӣ Хурсандмурод Ҳакимов, Аббос Норов ва Санъат Тоҳирзода таҳия гашта, зери таҳрири У. Давлатзод ба табъ расидааст. А. Норов дар баромади худ доир ба муҳтавои дастурҳои таълимӣ иттилоъ дода, қайд кард, ки инкишофи иқтисодӣ дар кадом зина қарор доштани ҳар давлатро муайян сохта, барои рушди ҷомеа ва некуаҳволии мардум мусоидат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дастурҳои мазкур дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии 9 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гашта, тай иду рӯз тренингҳои омӯзишӣ дар донишкадаи мо ба нақша гирифта шудааст.