Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши ҳизб дар ташаккули шахсияти ҷавонон

Нақши ҳизб дар ташаккули шахсияти ҷавонон

Бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт 9 декабр бахшида ба 23-юмин солгарди ҲХДТ таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Соли ҷавонон» ва 10 – уми декабр бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия семинари илмӣ назариявӣ бо иштироки муовини озоди КИ «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино Н. Умаров, декани факултет А. Нурализода ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Абдулло Давлатзода дар мавзӯи «Нақши ҲХДТ дар ташаккули шахсияти ҷавонон» баромад намуда, ҷавонро барои содиқ будан ба Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд. 
Инчунин, роҳбари намояндагии ташкилоти ибтидоии «Созандагони Ватани ҲХДТ дар донишкада» Дилшод Давлятов дар мавзӯи «ҲХДТ -Ҳизби ҷавонсолору зодаи масъулият» маърӯза кард. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола санаи 10 декабр дар кишвар Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия қайд мегардад. Дар ин бобат устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Сулаймон Дустов дар мавзӯи «Чораҳои ҳуқуқию иқтисодии муқовимат бо коррупсия» баромад намуд. Номбурда таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ҳар яки мо метавонем саҳмгузор бошем. 


Н. Тӯйчизода