Хабарҳо

Зебинисо - ғолиби озмуни китобхонӣ
Санаи 5 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат», ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст, ҷамъбаст гардид.
Озмун дар се давр доир гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, мактаб-интернатҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар ҳудуди ноҳияи Сино ҷойгирбуда ширкат варзиданд.
Дар давраҳои аввал шумораи иштирокчиёни озмун бештар буда, ба даври ниҳоӣ зиёда аз 30 нафар роҳ ёфтанд. Ҳамин тариқ, баъди анҷоми даври сеюм ғолибони озмун дар ноҳия муайян карда шуда, ҷои аввал ба Нуралиева Зебинисо-донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба Усмонова Манижа-донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҷои сеюм насиби Азизова Соҳиба- донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Зарипова Шукрона- донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дода шуд.
Номбурдагон бо пешниҳоди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба даври шаҳрӣ пешбарӣ карда шуданд.
Ҳадаф аз роҳандозӣ гардидани озмуни мазкур ташаккули маърифати зеҳниву сиёсии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи донишҳои онҳо, густариши раванди худшиносиву худогоҳӣ дар замири насли оянда мебошад.
Дилшод Давлатов, роҳбари намояндагии
ТҶ «Ҷавонон созандагон»-и ҲХДТ дар ДМИТ