Хабарҳо

Қадаме ба сӯи илм
Санаи 9 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи якҷояи шуъбаи магистратура, кафедраҳои иқтисод ва идора ва иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ муҳокимаи қаблии рисолаи номзадии аспиранти кафедраи иқтисод ва идора Баҳрулло Давлатов дар мавзӯи «Рушди босуботи кишоварзӣ-асоси таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 08.00.05-иқтисод ва идоракунӣ дар хоҷагии халқ (роҳбари илмӣ- Николай Попов, н.и.и., дотсент) баргузор гардид.
Дар ҷаласа зиёда аз 25 нафар устодони донишкада, аз ҷумла 11 нафар номзади илми иқтисод ширкат варзиданд.
Баъди баромади Давлатов Б. муқарризон - Давлатов Х., Солиев Н., Аламшоев А. ба муҳаққиқ барои мукаммалгардонии рисолаи илмиаш тавсияҳои судманд доданд.
Дар охир, пешниҳод гардид, ки баъд аз ислоҳи камбудиҳо ва таҷдиди назар кори илмии баррасишаванда ба Шӯрои диссертатсионии мувофиқ ба ихтисос барои ҳимоя тавсия дода шавад.
Нилуфар Шомадова, мудири кафедраи иқтисод ва идора