Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Коррупсия монеаи аслии рушди иқтисодиёт

Коррупсия монеаи аслии рушди иқтисодиёт

9 декабри соли ҷорӣ факултети ҳисобдорӣ ва омор ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия чорабинии сиёсӣ зери унвони «Коррупсия заминабахши муаммоҳои печидаи замони муосир» бо иштироки Мирзо Абдуллоев, номзади илмҳои фалсафа, полковники Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ баргузор намуд. 
Чорабиниро Фирӯз Насриддинов, декани факултет ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар замони муосир коррупсия ва амалҳои хусусияти коррупсионидошта ҷаҳонро ба бунбасти шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ кардааст. Паҳншавии амалҳои хусусияти коррупсионидошта дар қаламрави мамлакатҳое реша медавонад, ки маърифати ҳуқуқии аҳолиаш паст буда, роҳи ҳалли мушкилоти худро танҳо дар ришва додан мебинанд. 
Сипас Мирзо Абдуллоев дар мавзӯи «Коррупсия монеаҳои аслии рушди иқтисодиёти миллӣ ва эътимоди мардум бо давлат» маърӯза намуда, зикр кард, ки кишвари мо дар ҳоли рушди иқтисодӣ қарор дорад. Аммо дар чунин шароите, ки бояд ташаккули низоми иқтисодии миллӣ ва эътимоди мардум ба давлат идеяи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста ба хотири манфиатҳои шахсиашон даст ба кирдорҳои характери коррупсионидошта мезананд. Дар натиҷаи васеъшавии чунин омилҳо вазъи иқтисодии кишвар ногувор, ҳолати иҷтимоии мардум нигаронкунанда ва эътимоду боварии аҳолӣ ба давлат коста мегардад. 
Талаботи замон аст, ки ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои ношоиста маърифати ҳуқуқии мардум боло бурда шавад ва ҷомеа дар якҷоягӣ ба муқобили чунин кирдорҳо мубориза барад, гуфт М. Абдуллоев. 
Дар интиҳо чанд нафар аз иштирокчиён доир ба мавзӯъ фикрҳои худро иброз доштанд ва музокираву гуфтугӯи озод сурат гирифт. 


Усмонҷон Усмонов, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултет