Хабарҳо

Масоили мубрами рушди иқтисодии кишвар дар шароити буҳрон
Рӯзи 12 декабри соли равон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и ДМИТ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таъсири буҳрони молиявӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конфренсияро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми донишкада оғоз намуда, дар бораи махсусиятҳои рушди иқтисодӣ дар шароити буҳрон изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид сохт, ки дар шароити буҳрон ташаккули нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ба таъсири омилҳои фарогири дохилӣ ва берунӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло Манзура Кошонова, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» ба сифати модератори конфронс мавзӯи баррасишавандаро дар шароити имрӯза муҳимму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Сипас Довчиак Петер, коршиноси макроиқтисодии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар мавзӯи «Моделирование ВВП Республики Таджикистана в условиях внешних шоков» маърӯза намуда, афзуд, ки дар шароити буҳрон моделсозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ хусусияти хосро касб намуда, вобастагии байни онҳо то ба андозае мураккаб мегардад.
Дар кори конфронс Давлатов И., номзади илмҳои иқтисодӣ, коршиноси дигари Лоиҳаи мазкур дар мавзӯи «Совершенствование нормативно правовой базы банковского сектора в условиях кризиса», Холматов М., номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Особенности развития цифровой экономики при переходе к инновационному развитию экономики Таджикистана», Кошонова М.Р., профессор дар мавзӯи «Методология моделирования прогноза государственного дохода Республики Таджикистана», Мирзоахмедов Ф., профессори ДМИТ дар мавзӯи «Применение межотраслевого баланса Леонтьева в государственном управлении экономикой РТ» ва чанд нафар устодони донишкада маърӯзаҳои ҷолиб ва пурмуҳтаво карданд.
Бояд гуфт, ки дар конфронс намояндагони ташкилоту муассисаҳо, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ҳамчунин устодону донишҷӯёни донишкада ширкат доштанд.
Дар анҷоми кори конфронс миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳои судманд доир гардид.