Хабарҳо

Коррупсия - зуҳуроти номатлуб
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар якчоягӣ бо факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ санаи 9 декабри соли равон чорабинии тарбиявӣ доир намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Хуршед Давлатов, декани факултети иктисоди молиявӣ ва андозбандӣ иброз дошт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.
Сипас Саъдихуҷа Маъдиев, мудири кафедраи суғурта баромад намуда, зикр сохт, ки муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш дод. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабри соли 2016 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, «фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти хифзи ҳуқуқ нест».
Дар интиҳо Ваҳоб Воҳидов, профессори кафедраи иктисод ва идора баромад карда, афзуд, ки барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дар кишварамон «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардидааст. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст барои дар амал татбиқ гардидани ин стратегия саҳмгузор бошем.
Заррагул Алиева, эдвайзер оид ба тарбияи факутети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ