Хабарҳо

Пешгирии бемориҳои сироятӣ
Бо фарорасии фасли зимистон бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зуком, чашмдард, обакон, бемории сил ва дигар намуди бемориҳо авҷ мегиранд.
Дар робита ба ин масъала рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ барои пешгирӣ ва огоҳонидани донишҷӯён аз бемориҳои сироятӣ, ҳамшираи тиббии донишкада Тешаева Х., дар ҳамкорӣ бо духтурони Маркази саломатии шаҳрии №1, Саидова С., духтури минтақавӣ ва Ҷумаев И., мутасаддии барномаи ВИЧ-СПИД, мудири шуъбаи тибби оилавӣ дар хобгоҳи №1-и донишкада корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ гузарониданд.
Дар рафти баргузории ҷамъомад мутахассисон ба донишҷӯён дар барои пешгирии бемориҳои зуком, обакон, бемории шадиди роҳи нафас, ВИЧ-СПИД, гепатит, сурхча ва сил маслиҳатҳои муфид доданд ва аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки фарши ҳуҷраҳо ва рахти хобашонро бо маҳлули хлор тоза намуда, доимо ба қоидаҳои санитарию-гигиенӣ риоя намоянд.
Ҷовид Боймуродов,
мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба бахши хобгоҳҳо