Хабарҳо

Ғунчаҳои бомдоди ҷавонӣ
Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада 15 декабри соли ҷорӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони «Ғунчаҳои бомдоди ҷавонӣ» баргузор намуданд.
Зимни оғози чорабинӣ Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оид ба иқдомоти ташкилотчигиву худмуаррификунандаи ҷавонон изҳори андеша намуда, баён дошт, ки бо истифода аз имконоти Соли ҷавонон насли ҷавони мо тавонистанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ҳар чи бештар аз шароитҳои мусоиди муҳайёгардида самаранок истифода намоянд, то ба ин васила шахсияти худро дар ҷомеа муаррифӣ намуда, дар ташаккули ҷомеаи миллӣ ва раванди давлатдориву давлатсозии навинамон саҳмгузор бошанд.
Сипас Абдулло Давлатзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада бобати сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки модели татбиқи сиёсати кор бо ҷавонон дар кишвари мо моҳиятан мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи навинро дорад, ки дар саргаҳи он баланд бардоштани маърифати инноватсиониву технологӣ меистад. Дар чунин ҳолат мо ҷавонон бояд аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоем.
Дар интиҳо гурӯҳи ҳаваскорони факултет бо барномаи фарҳангии омода намудаи худ хотири ҳозиринро болида сохтанд.
Фатҳулло Муминов, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултет