Хабарҳо

Робита бо мақомоти соҳавӣ наздиктар мегардад
Санаи 15 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи омори донишкада дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни ихтисоси омор доир гардид.
Дар вохӯрӣ Зебо Исмоилова, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Саид Каримов, муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Амиршо Комилов, сардори шуъбаи кадрҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқова З., сармутахассиси шуъбаи омори иҷтимоии раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ иштирок намуданд.
Зебо Исмоилова дар оғози чорабинӣ ба донишҷӯён доир ба нақши омор дар давраи муосир, ҳисоботҳои оморӣ, намудҳои ҳисоботҳои оморӣ ва тартиби баррасӣ ва тасдиқи онҳо, чораандешӣ нисбати ҳисоботсупорандагоне, ки тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои омориро риоя намесозанд, доир ба шакли электронии қабули ҳисоботҳои оморӣ ибрози андеша намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо фаъолияти амалии мақомоти мазкур муҳим ва саривақтӣ ҳисобид.
Сипас Мастура Буриева, мудири кафедраи омори донишкада қайд намуд, ки кафедра бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зичи илмӣ дорад. Аз моҳи январи соли 2016 пайваста дар шумораҳои маҷаллаи илмӣ-иттилоотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳарфи омор» натиҷаҳои тадқиқотҳои устодони кафедраи омор чоп карда мешаванд. То имрӯз дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии якчанд устодон дар масъалаҳои мубрами иқтисодиёти имрӯза ба монанди «Омор ва тақозои замон», «Таҳлили вазъи кунунии рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баҳои омории сатҳи таваррум» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Заминаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ-ҳамчун омили рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Усулҳои андозагирии қобилияти харидории сомонӣ» нашр гардиданд.
Қайд кардан зарур аст, ки шартномаи ҳамкорӣ байни донишкада ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён тавассути таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии онҳо аз 1 феврали соли 2016 то 31 декабри соли 2020 баста шудааст. Шартномаи ҳамкории тарафайн бобати тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи омор мусоидат хоҳад кард, гуфт М. Буриева.
Ҳамазамон миёни кормандони агентӣ ва устодону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.
Донишҷӯён бештар ба масъалаҳои ҳамкории мутахассисони соҳавии мақомоти мазкур ҷиҳати беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва умуман нақшаи таълимии ихтисоси омор, ҷалби устодон ва донишҷӯёни кафедраи омор дар татқиқотҳои интихобӣ, иштироки намояндагони кафедраи омор дар семинар ё машваратҳое, ки дар Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, иштироки мутахасисони варзидаи соҳаи омор дар маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи мавзӯъҳои актуалӣ дар соли 2018 мароқ зоҳир намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Баъд аз анҷоми саволу ҷавоб донишҷӯён аз фаъолияти амалии ҳар як шуъбаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби Сарраёсат якчанд нашрияҳои оморӣ ба кафедраи омор бо мақсади истифодаи маълумотҳои омори расмӣ дар ҷараёни таълим тақдим гардиданд.
Мастура Буриева низ ба намояндагони Агентии омор тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи донишкадаро супорид.
Хисрав Муҳиддинов