Хабарҳо

Тренинг оид ба идоракунии даромадҳо
Аз санаи 27 – уми ноябр то 8 - уми декабри соли равон, муаллимаи калони кафедраи менеҷменти молиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Евгения Мирзоева бо даъвати Маркази омӯзишии Авроосиё оид ба соҳаҳои коркард ва Донишгоҳи Хазари шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар тренинги омӯзишии «Идоракунии даромадҳо дар соҳаҳои коркард» иштирок намуд.
Дар тренинги мазкур 22 намоянда аз 6 давлат (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Муғулистон ва Украина) иштирок намуданд.
Курси мазкур аз ҷониби коршиносони Донишгоҳи Хазар пешниҳод гардида, онҳо дар соҳаи идоракунии даромадҳо дар давлатҳои дорои зиёди захираҳои табиӣ маълумоти васеъ пешниҳод намуданд.
Он мавзӯъҳо вобаста ба идоракунии хароҷот, даромадҳо, буҷетикунонӣ, сиёсати пулию - қарзӣ ва стратегияи рушди иқтисодиётро дар бар мегирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши донишҳои назариявӣ, дар якҷоягӣ бо супоришҳои амалӣ, ки барои истифодаи донишҳо дар вазъиятои воқеӣ кумак мерасонанд, зоҳир гардида, ба иштирокчиён усулҳои татқиқотҳои аналитикӣ дар соҳаҳои коркард омӯзонида шуд.
Дарсҳо назариявӣ ва амалӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён устодону профессорони пуртаҷриба ва коршиносон дарс гузарониданд. Дар рӯзҳои истироҳатӣ иштирокчиёнро ба тамошои мавзеъҳои таърихӣ сафарбар карданд.
Евгения Мирзоева аз натиҷаҳои бадастовардашудаи худ аз курси баргузоргардида, ба чунин хулоса омада изҳор дошт, ки донишҳо ва малакаҳои навӣ пайдо гардида дар фаъолияти худ дар донишкада истифода мебарад. Баъд аз хатми курси мазкур муаллима бо сертификат сарфароз гардонида шуд.