Хабарҳо

Вазифаи ҷавонон дар донишандӯзист
Рӯзи 19 декабри соли равон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада бо донишҷӯёни курсҳои аввал вохӯрӣ гузарониданд.
Онро Асомуддин Қаландаров, сардори раёсати таълими донишкада кушода, мақсади ташкили вохӯрии мазкурро дар роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ маънидод кард.
Сипас корманди кумита баромад карда, дар бораи сабаб ва роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, бо таассуф гуфт, ки имрӯзҳо ҳам шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дида мешаванд. Айни замон 22 нафар донишҷӯ дар амалиётҳои ҳарбии ДИИШ иштирок дошта, 146 оила аз ҷумҳурӣ барои «ҷиҳод кардан» ба ин кишвари ҷангзада сафар кардаанд ва аксарияти онҳо қурбон гаштаанд. Мавсуф сабаби асосии пайвастани ҷавононро ба ин қабил гурӯҳҳо дар гирифтани донишҳои динии ғайрирасмӣ ва маълумоти кофӣ надоштан аз моҳияти дини мубини Ислом ва хурофотпарастӣ донист. Ӯ, инчунин дар бораи амалҳои нангини аъзоёни ҲНИТ, ки аз хориҷи кишвар истода, ба Давлату Ҳукумати кишвар таъна мезананд, маълумот дода, ин амалҳоро маҳкум кард.
Баромадкунанда дар охир ба ҳозирин муроҷиат карда, онҳоро ба ҳушёрии сиёсӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ даъват карда, вазифаи ҷавононро дар донишандӯзӣ, забономӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинӣ донист.
Машҳура Абдуллоева