Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Коррупсия ва роҳҳои рафъи он

Коррупсия ва роҳҳои рафъи он

Бо ибтикори садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт 19-уми декабр таҳти унвони «Заминаҳои пайдоиш ва роҳҳои рафъи амалҳои коррупсионӣ» мизи мудаввар доир гардид. Дар он мудири бахши ҳуқуқии донишкада Фаридун Мирсаидов, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 
Чорабиниро декани факултет А. Нурализода оғоз бахшида, иброз дошт, ки коррупсия яке аз намудҳои ҷиноят ба шумор рафта, то кунун тарзу усулҳои гуногуни мубориза баҳри рафъи он мавриди амал қарор гирифтааст. Коррупсия ва мубориза бо он ҳамчун объекти тарбияи ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Бинобар ин мо бояд дастаҷамъона бар зидди ин вабои аср мубориза барем. Расидан ба ин ҳадафҳо, кӯшиш ва заҳмати зиёди шабонарӯзиро талаб менамояд. 
Дар ҳамбастагӣ ба ин, мудири бахши ҳуқуқии донишкада Ф Мирсаидов дар мавзӯи «Мафҳум ва моҳияти Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ баромад намуда, қайд кард, ки коррупсия таърихи қадима дошта, ҳамчун амали номатлуб пазируфта шудааст. Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз 4 боб ва 140 модда иборат буда, хондан ва аз худ намудани самтҳои афзалиятноки он вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Набояд фаромӯш сохт, ки порадиҳанда ва порагиранда дар назди қонун ҷавобгӯ мебошанд. Аз ин лиҳоз, чун донишҷӯён дар раванди санҷишу имтиҳонҳои фосилавӣ қарор доранд, ба амалҳои коррупсионӣ набояд дода шаванд. 
Дар идома донишҷӯи курси 2 Довудхӯҷа Сӯфиев дар мавзӯи “Тарзу усулҳои густариши ҷаҳонбинии коррупсионӣ дар давлатҳои хориҷа” маърӯза намуд. Сипас чорабинӣ бо саволу ҷавоб хотима ёфт. 


Мубораки Назримад