Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Роҳҳои оқилонаи пешбурди иқтисодиёт дар низоми иқтисодиёти ҷаҳон

Роҳҳои оқилонаи пешбурди иқтисодиёт дар низоми иқтисодиёти ҷаҳон

Факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ рӯзи 16 декабри соли ҷорӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Роҳҳои оқилонаи пешбурди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми иқтисодиёти ҷаҳон» баргузор намуд. 
Маҳфилро сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада Қутбиддин Муқимов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ ҳавасмандии донишҷӯёнро нисбат ба илм зиёд гардонида, дар баланд бардоштани савия дониш ва маҳорати суханварии онҳо замина мегузорад. 
Сипас Сарфароз Амакҷонов, донишҷӯи курси 4, дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолияти иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард. Номбурда афзуд, ки гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2016 3929,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбати моҳҳои январ-декабри соли 2015 9,2% коҳиш ёфтааст. Ин бештар аз шароити иқтисодиёти ҷаҳони муосир вобастагии зиёд дошта, мутобиқи тадқиқоти иқтисодчиёни ватанӣ ва як қатор институтҳои байналмилалӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли минбаъда ба комёбиҳои назаррас ноил хоҳад шуд, ки он нисбати соли 2016 метавонад аз 30-35% зиёдтар бошад. 
Ҳамзамон Сарварҷон Убайдуллоев, донишҷӯи курси 4 дар мавзӯи «Моделҳои иқтисодӣ» маърӯза карда, маълумотҳои илмии ҷолибро аз моделҳои муосири иқтисодиёти ҷаҳонӣ манзури шунавандагон намуд. 
Дар фарҷом доир ба мавзӯъҳои баррасишуда музокира сурат гирифт. 


Қамар Шодиев, муовини декан оид ба илми факултет