Хабарҳо

Паём дастури амал аст
22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
Дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамаи толорҳои донишкада тавассути телевизион Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мароқ гӯш карданд. Ҳозирин Паёмро ҳамчун дастури амал барои фаъолияти минбаъда қабул карда, нуктаҳои асосии онро барои худ қайд карданд.
М.Абдуллоева