Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили илмии масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор

Таҳлили илмии масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор

Рӯзи 23 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омор дар донишкада конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҳисобдорӣ, таҳлил, аудит ва омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону магистрантон, мутахассисон аз идораву ташкилотҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок ва суханронӣ карданд. 
Чорабинии илмиро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми донишкада кушода, иброз дошт, ки конференсияи мазкур қадами нахустинест барои амалигардонии дастурҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки масъалаҳои асосии он ба рушди иқтисоди миллӣ бахшида шуда, дар он ба ташкили фаъолияти самаранок дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъкидҳо пешниҳод гардид. Дар баробари ин чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути такмили низоми молияи давлатӣ аз низоми классикии баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва омор ба низоми муосир мегузарад, ки дар он истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад. Бояд қайд кард, ки низоми баҳисобгирӣ, таҳлил, аудит ва омор аз низомҳое ба шумор меравад, ки дар ташкили самараноки рушди иқтисодиёти миллӣ вобастагии амиқ дорад, - гуфт дар ҷамъбасти андешаҳо Қодиров Ф. 

His4001.jpg

Сипас Қудратов Р., д.и.и. профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар мавзӯи «Таҳлили сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат» баромад намуд. Ӯ сиёсати пулию қарзии кишварро таҳлил карда, қайд кард, ки сарфи назар аз омилҳои манфии таъсиррасон дар соли 2017 рушди воқеии иқтисодиёт дар натиҷаи афзоиши истеҳсолоти саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории давлатӣ нисбатан устувор буд. Дар давраи кӯтоҳмуҳлат таваррум дар натиҷаи таъсири таконҳои берунӣ ва дохилӣ метавонад аз доираи нишондиҳандаи мақсадноки муайяншуда каму зиёд шавад. Ба ин тамоил омилҳои мухталиф, ба монанди эҳтимоли пайдошавии хавфҳо, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, таварруми воридотӣ аз кишварҳои шарикони асосии савдо метавонад таъсир расонад, - гуфт Қудратов Р.Р. 

Сипас Собир Вазиров, н.и.и., сардори шуъбаи маъмурикунонии андози раёсати такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои баҳисобгирӣ ва омори Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба воридоти мол ва таҳвили минбаъдаи он» баромад карда, мушкилоти асосиро дар ин самт низоми шаффофияти воридшавии мол ва омори он донист. Мавсуф дуруст муайян кардани арзиши гумрукиро барои муайян кардани омори дақиқ мусоидаткунанда номид ва ба ҳам пайваст кардани низоми воридотӣ ва низоми андозбандиро танзимкунандаи баҳисобгирӣ арзёбӣ кард. 
His4003.jpgПрофессор Зариф Шарифов дар баромади хеш дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар хоҷагии қишлоқ ва роҳҳои такмилдиҳии он дар шароити муносибатҳои бозорӣ» асосан ба баҳисобгирии муҳосибӣ дар соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид сохт, ки дар шароити рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ бунёд ва инкишофи шаклҳои нави моликият ва хоҷагидорӣ, мувофиқгардонии низоми баҳисобгирии миллӣ ба талаботи стандарти байналхалқии ҳисоботи молиявӣ ва стандарти байналмилалии аудит, инчунин самаранокии фаъолияти корхонаҳои хоҷагии қишлоқ аз стратегияи идоракунӣ бо дарназардошти ислоҳоти низоми ахбори баҳисобгирӣ барои қабули қарорҳо ва амалӣ кардани ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳосибӣ вобаста аст. 
Дар идомаи конфронс маърӯзаҳои Мирзоев С., н.и.и., дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз масъалаҳои мубрами омор» ва Мирзоев О., сардори шуъбаи методологияи идоракунии молия, мониторинги идоракунии таваккалҳо, назорат ва аудити дохилии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои гузаронидани аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» шунида шуд. 
Ҳамчунин дар конфронс масъалаҳои зерин, ба мисли назария, методология ва амалияи баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар шароити иқтисоди бозорӣ; татбиқи принсипҳои ташкилии амалии меъёрҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар соҳаи иқтисодиёти миллӣ; ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоравӣ; хусусиятҳои таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар муассисаҳои буҷетӣ; ташаккулёбии самтҳои асосии рушди омори муосир дар шароити Тоҷикистон; омори минтақавии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва ояндаи рушд; бозори иттилоотии минтақа: муаммоҳои ташаккулёбии ахбороти оморӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд. 
Конфронс дар бахшҳо корашро идома дод ва дар ҷамъбаст ба сохторҳои марбута таклифҳои илман асоснок пешкаш карда мешавад. 


Машҳура Абдуллоева