Хабарҳо

ДМИТ дар рейтинг мавқеашро нигоҳ дошт
Соли 2017 барои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли наку ва бобарор буд, ки аз ҷамъбасти он аён аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар соли 2017 бо гирифтани 193 хол сазовори ҷойи чорум гашт, ки ин барои донишкада дар байни 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мақоми баланд буда, барои устодон ва донишҷӯён мояи сарфарозист.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҳукуматӣ ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2017, №5658 рӯзҳои 11-13 декабр баҳогузории рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дастур доданд, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим тадбирҳо андешида шаванд ва рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро гузаронида, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, маҳорату малакаи касбии омӯзгорон ва амалӣ кардани навҷӯиву навгониро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда шавад.
Баҳодиҳии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар се давр сурат гирифта, комиссияи салоҳиятнок дар ҳайати 25 нафар иборат аз кормандони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, муовинони ректорон оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шуда буд, аз рӯи чандин меъёр фаъолияти илмию тадқиқотӣ, омӯзиш ва таълим, фаъолияти байналмилалии макотиби олиро санҷиданд. Комиссия дар ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ санҷишро гузаронид ва он дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд. Ҳангоми баҳогузорӣ нишондиҳандаҳои зерин, ба мисли теъдоди омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, рисолаҳои докторӣ ва номзадии ҳимояшуда дар се соли охир, мақолаҳои илмии нашршуда (инчунин шумораи мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои аз рӯи рӯйхати КАО чопшуда), китобҳои дарсии тахассусӣ бо забони давлатӣ таҳияшуда дар соли таҳсил вобаста ба нақшаи таълимӣ; теъдоди кабинетҳои фаннии ҷиҳозонидашуда ва ихтироот, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ; шумораи китобҳои дарсии электронӣ, лабораторияҳо; мавҷудияти маркази такмили ихтисос, институтҳои илмӣ-татқиқотӣ, системаи идораи иттилоотӣ, сомонаи муассиса ва шумораи ташрифоварандагон, парки технологӣ; шумора ва ё арзиши грантҳо барои рушд ва таҳкими пояи моддию техникии муассиса, сатҳи сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва ғайра ба инобат гирифта шуд.
Ҷои тазаккур аст, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари илмию педагогии ҳайати профессорону омӯзгорон ва роҳбарияти таълимгоҳ аз рӯи аксари нишондиҳандаҳо мусбӣ арзёбӣ шуда, донишкада холҳои баланд гирифт ва барои ишғоли рейтинги баланд дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асос гардид. Ин қадамест устувор ба сӯи ҳадафҳои стратегии донишкада – омода намудани мутахассисони баландихтисос, баланд намудани сифати таълиму тарбия ва нигоҳ доштани мавқеи устувору муайян дар низоми таҳсилот дар ҷумҳурӣ ва дар минтақа.
Бояд гуфт, ки ин дастовард натиҷаи фаъолияти софдилона ва самараноки ҳайати профессорону устодон ва болоравии сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳ, афзудани корҳои илмию тадқиқотии олимон, тавсеаи равобити хориҷии он, тақвияти заминаҳои моддию техникии таълимгоҳ мебошад. Вале аз ин натиҷаҳо мо бояд қаноатманд нашуда, дар иҷрои уҳдадорию рисолати худ масъулияти бештар ҳис намуда, пайи болобурди номи ин даргоҳи илму маърифат дучанд бикӯшем.
Мо боварӣ ва умед дорем, ки фаъолияти донишкада бо роҳбарии ректори муҳтарам Давлатзода Қудрат Қамбар минбаъд низ густурдаву пурсамар гардида, бо дастовардҳои бештару арзишмандтари устодону донишҷӯён дар тамоми самтҳо пеш меравад ва ахиран дар соли нав ба ҳадафи ниҳоии хеш наздик мешавад.
Машҳура Абдуллоева