Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти хотирмони Соли ҷавонон

Ҷамъбасти хотирмони Соли ҷавонон

Санаи 21 декабр бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, таҳти унвони «Нақши факултет дар Соли ҷавонон» бо иштироки мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Давлат Суфизода, устодон ва донишҷӯён чорабинӣ баргузор гардид. 
Дар чорабинии мазкур декани факултет Амрулло Нурализода дар бораи дастовардҳои устодон ва донишҷӯён дар соли 2017 баромад намуда, иброз дошт, ки хушбахтона, имсол нисбати соли гузашта донишҷӯён дар олимпиадаву озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. 
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино Давлат Суфизода қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - Соли ҷавонон эълон гардид. Қисми зиёди шумораи аҳолиро ҷавонони саодатманд ташкил медиҳанд ва мо бояд пайрави Пешвои миллат бошем. 
Дар ҳамбастагӣ ба ин, маърӯзаи донишҷӯи курси 2 Абдурашид Зикрзода дар мавзӯи «Ҷавонон ояндасозанд» шунида шуд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ барои навиштани мақолаҳо дар рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод» дар мавзӯъҳои мубрами рӯз бахшида ба Соли ҷавонон, иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва барои ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва олимпиадаҳои дохилию байналмилалӣ ба 13 нафар донишҷӯёни факултет Ифтихорнома ва барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон ба эдвайзер оид ба тарбияи факултет Мубораки Назримад аз ҷониби садорати факултет Сипоснома ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.