Хабарҳо

Ниҳолшинонӣ дар авҷ
Бо мақсади сабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёр бо ташаббуси роҳбарияти донишкада рӯзи 25 декабри соли равон дар саҳни ҳавлии таълимгоҳ ниҳолҳои мавсимиву ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуданд. Ниҳолшинонӣ бо роҳбарии ректори донишкада Қудрат Давлатзода ва кормандони хоҷагӣ сурат гирифт.
Ба иттилои муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Бадриддин Музаффаров, дар саҳни донишкада дарахтони кипариси аризонӣ, катапалка, серенаи ҳиндиву суриягӣ дар умум зиёда аз 100 дона ниҳол шинонида шуд.
Ҳамчунин намудҳои гуногуни гули садбарг низ шинонида мешавад, гуфт Б. Музаффаров.
Сабзу хуррам ва зебо гардонидани коргоҳ ва умуман ҳар гӯшаи мамлакат вазифаи ҳар сокини кишвар буда, ба кас руҳу равон мебахшад ва умедро барои оянда фузун месозад.
Х.Муҳиддинов