Хабарҳо

Тоҷикистон ва ҷаҳон: ҳадаф ва арзишҳо
Рӯзи 14 феврал тибқи нақша-чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Сайфулло Сафаров, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати устодони донишкада иштирок намуданд.
Чорабиниро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм оғоз намуда, зикр кард, ки солҳои охир дар ҷаҳони муосир равандҳое вомехӯранд, ки натанҳо арзишҳоро дар муносибатҳои байналмилалӣ дигар мекунанд, балки шакли як қатор раванду муносибатҳои таърихан дар ҷаҳони муосир ташаккулёфтаро иваз мекунанд. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуданд, солҳои охир, махсусан соли гузашта ҷуғрофияи ноамниҳо дар ҷаҳон хеле паҳн шуд. Бинобар ин ҳар як давлати соҳибистиқлол бо мақсади ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои миллии худ бояд чунон рафтор намояд, ки натанҳо дар тақвияти равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, балки дар ҳалли мушкилиҳои ҷаҳон низ нақши бориз дошта бошад.
Сипас, меҳмони маҳфил Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Тоҷикистон ва ҷаҳон: ҳадаф ва арзишҳо» маърӯза кард. Номбурда дар оғози суханрониаш тазаккур дод, ки Паёми Пешвои миллат барои ҳар як сокини Тоҷикистон нуқтаи такягоҳист ва онро бояд ҳамаҷониба омӯхт.
Новобаста ба он ки вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон ваҳим аст, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нигоҳ накарда, дар пеши худ ҳадафҳои созанда гузоштааст. Таъмини зиндагии шоистаи мардум яке аз ҳадафҳои муҳим маҳсуб меёбад ва барои ноил гардидан ба ин, ҳукумати мамлакат Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намудааст ва ҳамеша барои ноил шудан ба ин ҳадаф гомҳои устувор мениҳад. Ҳадафи дигари Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва содиркунандаи энергияи сабз табдил ёфтан аст. Зеро Тоҷикистон дар Осиёи Миёна аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар маркази ин минтақа ҷойгир аст, гуфт дар фароварди суханронӣ С. Сафаров.
Дар охир байни иштирокчиёни мизи мудаввар табодули афкор сурат гирифт.
Хусрав Муҳиддинов