Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МОДАРОН ВА БОНУВОНИ ГИРОМӢ!

МОДАРОН ВА БОНУВОНИ ГИРОМӢ!

Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми модарон ва бонувони Ватани азизамонро бо Иди зебову фараҳбахш - Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу саодатмандӣ бахту иқболи баланд ва шодкомию хушрӯзиҳо таманно дорам.

Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар эҳё шуд. Аммо новобаста ба он ки Рӯзи Модарро дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн мегиранд, модар поктарин, меҳрубонтарин ва шоистатарин инсон барои парастишу хидматгузорист. Модар аз азал ва дар ҳама давру замон иззату икром ва эҳтироми хоссаро сазовор буду ҳаст. Мақоми ӯ барои ҳар як нафар муқаддас аст. Қалби модар уқёнуси бекарони меҳру шафқату бахшоиш аст.

Имрӯз манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи мо боло рафта, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд. Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст.
Боиси ифтихори мост, ки дар донишкада 243 нафар бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд. Дар байни онҳо 2 нафар доктори илм, 11 нафар ном

зади илманд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Дар донишкада зиёда аз 1500 нафар донишҷӯдухтарон дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил менамоянд.
Беҳтарин садои зиндагӣ таппиши қалби Зан – Модар аст. Бинобар ин таманно мекунем ин офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимонад.
Ин рӯзи зебо, яъне Рӯзи Модарро барои тамоми модарону бонувони арҷманд аз самими ҷон табрик гуфта, аз номи шоир мегӯем:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Ректори донишкада  Солеҳзода А.А