Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сухан дар боби маърифати оиладорӣ ва риояи қунунгузорӣ

Сухан дар боби маърифати оиладорӣ ва риояи қунунгузорӣ

Роҳбарияти ДДМИТ тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе вохӯрии устодон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳро бо кормандони мақомоти судӣ баргузор намоянд. 
Ин навбат мулоқоти судманди Исозода Хуршед Искандар, муовини раиси суд ва Юсуфзода Зубайдулло Раҳматулло, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ баргузор шуд, ки масъалаҳои танзими расму оин, солимии оилаҳо ва ҷалби ҷавонон ба азхудкунии дониш ва забономӯзиро дар бар гирифт. 
Нахуст, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода иброз дошт, ки бузургтарин дороии як инсон доштани амнияти равонӣ, яъне оромии хотир аст. Аз ин рӯ, хушбахтиро дар бунёди оилаи солим бояд ҷӯст ва дар бораи таъмини кафолати оилаҳо ва дурнамои онҳо, арзишҳои ахлоқӣ ва суннатҳои миллӣ андешид. 
Сипас, муовини раиси Суди ноҳияи Сино Хуршед Исозода андешаҳояшро дар мавриди риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён кард. 
Номбурда қайд кард, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. 
- Мақсади Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст,- афзуд баромадкунанда. 
Тибқи иттилои мавсуф, дар Суди ноҳияи Сино 23 судя фаъолият мебаранд ва онҳо ба муассисаву корхонаҳои гуногун сафарбар гардида, корҳои тарғиботиро дар самти рияои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд. Дар семоҳаи аввали соли равон ба Суди ноҳияи Сино 42 парванда дар самти вайронсозии талаботи Қонуни танзим мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Хушбахтона, дар аксар ҳолат, бо сабаби фаъолияти мунтазами комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ қонун аз ҷониби кормандони касбу кори гуногун риоя мегардад, вале баъзан дар маъракаҳои гусел ва пешвози бодабдабаи ҳоҷиён, ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ, ки тибқи қонун қатъиян манъ аст, зиёдаравӣ ва қонуншиканӣ дида мешавад. 
Дар идомаи вохӯрӣ Зубайдулло Юсуфзода, судяи Суди ноҳияи Сино дар бораи маърифати оиладорӣ, баррасии парвандаҳо дар самти моҷарои оилавӣ ва сабабҳои он, тарбия, ахлоқ ва донишу маърифати оилаҳои ҷавон ва нофаҳмӣ байни аъзои оила сухан ронд. 

Қонунгузор пас аз муроҷиати тарафайн барои бекор намудани ақди никоҳ 6 моҳ муҳлат додааст. Дар таҷрибаи корӣ баъзан ба мушоҳида мерасад, ки оилаҳои ҷавон аз сабаби мавҷуд набудани якдигарфаҳмӣ ва мушкилоти ночиз зуд дилсард гашта, аз ҳамсаронашон ҷудо шудан мехоҳанд. Дар ҳоле ки зиндагӣ пастию баландӣ дорад ва кас бояд дар ҳама ҳолат боандеша ва сабур бошад, - афзуд ӯ. 
Дар охир хулоса карда шуд, ки сабаби асосии риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, бефаҳмӣ ва бедонишӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъулини мақомоти судӣ ба донишҷӯён муроҷиат намуданд, ки онҳо бояд давраи тиллоии умри хешро беҳуда сипарӣ накарда, пайи азхудкунии илмҳои замон ва техникаву технологияву забономӯзӣ шаванд. 


Наврӯз Ҷобиров