Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар ДДМИТ

Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар ДДМИТ

Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. 
Вобаста ба ин, фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон “Оид ба гузаронидани озмуни дохилидонишгоҳии устодон, донишҷӯён ва магистрантони ДДМИТ таҳти унвони «Илм - фурӯғи маърифат» санаи 01.03.2024 ба тавсиб расид ва барои муайян намудани ғолибони озмун комиссия таъсис дода шуд. 
Тибқи фармоиши ректор, даври аввали озмуни мазкур дар сатҳи донишгоҳ санаи 16.04.2024 аз рӯйи ҳафт номинатсия баргузор гардид. 
Даври донишгоҳии озмунро муовини ректор оид ба илм н.и.и., дотсент Қодиров Ф.А. ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти илмӣ-маърифатии озмун қайд намуд, ки эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» устодон, магистрантон, донишҷӯён, ва тамоми қишрҳои ҷомеаро водор месозад, ки ҳарчи бештар ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавонро зиёд ва иштироки бештари толибилмону омӯзгоронро дар самт таъмин намоем. 
Бояд қайд намуд, ки аз санаи 8-ум то 13-уми апрели соли равон озмун дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид, ки дар он 243 нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд ва ба даври донишгоҳӣ беҳтаринҳо роҳ ёфтанд. 
Дар идома донишҷӯёни ба даври донишгоҳии озмун роҳёфта ихтирооту лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашонро дар назди ҳайати ҳакамон муаррифӣ карданд. 
Аз шумораи умумии иштирокчиён 28 нафар донишҷӯ аз рӯйи 7 номинатсия (математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияҳои иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ) ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. 
Мо - аҳли коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ, ба иштирокчиёни озмун барору муваффақият орзу намуда, боварии комил дорем, ки дар даврҳои минбаъдаи озмун ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд.