Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНИ ДДМИТ ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНИ ДДМИТ ҒОЛИБОНИ ҶОМИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, дарёфту тарбияи чеҳраҳои нав, бавуҷуд овардани фазои созгори муарифии ғояҳои нави илмӣ-инноватсионӣ  Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои мухталиф миёни олимону муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир карда мешаванд. Соли 2025 дар ин озмун доираи зиёди олимону муҳаққиқони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо пешниҳоди ғояҳои бузурги илмиву инноватсионӣ ширкат варзиданд. Зимни баргузории озмун ғолибон аз ҷониби доварон муайян гардида, ба кумитаи тадорукоти озмун пешбарӣгардидан. 
Имрӯз, 25-уми апрели соли 2025 зимни як чорабинии бошукӯҳ, ки бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, идораву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону донишмандон дар Кохи Суруш доир гардид, ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳама номинатсияҳо муаррифӣ гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард шуданд. 
Ҳаминтариқ лоиҳаи инноватсионии донишҷӯи курси 1 -уми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияи инноватсионӣ Музаффарзода Фахриддин, ки бо роҳбарии ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Неъматуллои Мирзошоҳ ба озмун пешниҳод гардида буд, аз рӯи номинатсияи "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" барандаи ҷои дуюм ва сазовори ҷоми Вазорат гардид.
Инчунин аз рӯи номинатсияи "Магистранти сол-2025" Носиров Ҳумайнӣ барандаи ҷойи дуюм ва сазовори ҷоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.