Хабарҳо

Донишҷӯи ДДМИТ ҷоизадори мусобиқаи Осиё
Аз 14 то 20-уми апрели соли равон дар маҷмааи варзишии “Юнусобод”-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи Осиё ва Уқёнусия оид ба гӯштини самбо баргузор гардид. Дар он варзишгарон зиёда аз 20 давлати дунё ширкат доштанд.
Боиси ифтихор аст, ки, дар ин сабқати ҷаҳонӣ донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирдавси Баҳодур дар вазни 88 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Номбурда аз тарафи Аламҷон Муллаев, Президенти Федератсияи самбои Осиё бо медалу диплом ва Ҷоми мусобиқа сарфароз гардид.
Ӯ, инчунин бо ин ғолибияташ ба мусобиқаи ҷаҳон оид ба гӯштини самбо, ки моҳи ноябри соли равон дар давлати Индонезия баргузор мегардад, роҳхат гирифт.
Қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо Фирдавси Баҳодур яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, зери роҳбарии мураббиён: Садриддин ва Саймумин Обидовҳо тамрин менамояд ва борҳо дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун иштирок карда, ғолибият ба даст оварда, обрӯи донишгоҳро боло бардоштааст.
Мо ин варзишгарро бо пирӯзиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдааш музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоем.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия