Хабарҳо

"МЕРОСИ БУЗУРГ – ОЯНДАИ МУШТАРАК"
Санаи 5-уми майи соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодӣ байналмилалии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи Ғалаба таҳти унвони “Мероси бузург - ояндаи муштарак” чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Нахуст, Фахриддин Убайдов, декани факултет баромад намуда, гуфт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мо на танҳо ғалабаро овард, балки як мактаби бузурги зиндагӣ, ибрат ва ҳушёриро омӯхт. Омӯхт, ки як миллат бо ваҳдат, ирода ва маърифати баланд метавонад бар ҳама гуна таҳдид ғолиб ояд. Имрӯз, ки мо дар фазои сулҳу суботи комил ва давлатдории миллӣ зиндагӣ дорем, бояд хидмати гузаштагонро қадр намуда, наслҳои навро дар рӯҳияи ифтихор аз таърих, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намоем.
Қайд гардид, ки барои мардуми Тоҷикистон ин сана азизу муқаддас аст. Зеро фарзандони содиқу далери тоҷик дар сафи Артиши Шӯравӣ бо ҷасорату мардонагӣ дар майдонҳои муҳориба ва ақибгоҳ ширкат варзида, ҷоннисориҳо намудаанд. Тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват гардидаанд. Аз миёни онҳо зиёда аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро дар ин ҷанги даҳшатбор нисори Ватан карданд. Зиёда аз 55 ҳазор нафар беному нишон боқӣ мондаанд. Ҳар нафари ин рӯйхат — на танҳо як сарбоз, балки як қисмати таърих, як ибрат ва як рамзи ватандӯстист.
Дар ҳақиқат тачлили Рӯзи Ғалаба на танҳо як ёдбуд, балки як рисолати миллӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ барои ҳар як фарди тоҷик аст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия