Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ФАКУЛТЕТ
Санаи 8-уми майи соли равон дар толори конфронсии ДДМИТ бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Нахуст, Ёрибек Тилабов, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор баромад намуда, қайд кард, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва тантанавор ҷашн мегиранд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан ва далериву ҷавонмардӣ тарбия кардани ҷавонон нақши бузург дорад.
Дар идома, Муллобақо Муллоев, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардаанд. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардовор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистаанд.
- Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд, гуфт зимни суханронӣ М. Муллоев.
Дар анҷом, музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия