Хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ ВА КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОРОМУ ОСУДА
Таҳти ин унвон санаи 23-уми июни соли равон бо ташаббуси факултетҳои иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ,иқтисоди ҷаҳон ва андоз ва соҳибкории ДДМИТ ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Нахуст, Мастура Бўриева, муовини ректор оид ба тарбия доир ба мавзуи «Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-роҳи устувор барои пешрафти босубот вабоэътимоди Тоҷикистон» баромад намуда,қайд кард, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки бо заҳмат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имрўзҳо вирди забони ҷомеаи ҷаҳон гардида, собит кард, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ бо ақлу заковат ва хиради азалӣ истифода карда, худро наҷот медиҳад.
- Вахдат беҳтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷахон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халки тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро метавонем муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дорем, гуфт, зимни суханронӣ М. Бӯриева.
Сипас, Сайфулло Сафаров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин карда мешавад. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ сӯйи фардои дурахшон аст.
Дар музокира Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баромад карда, иброз намуд, ки соҳибихтиёрии ҳар як кишвар аз се омили асосӣ – истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа вобастагӣ дошта, ин арзишҳои бузургу муқаддас зербино ва асоси тараққиёти мамлакат мебошанд. Бо шарофати саъю кӯшиши пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпаравар муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардид.
Ҳамоиш дар сатҳи хеле хуб ва хотирмон ҷамъбаст гардид. Мавриди зикр аст, ки гузаронидани чунин ҳамоишҳои сиёсӣ-тарбиявӣ барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ такони бузурге хоҳад гузошт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия