Хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ЯКДИЛИИ МИЛЛАТ
Таҳти чунин унвон рӯзи 24-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи сиёсӣ-идеологӣ баргузор гардид, ки дар кори он Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, Зоир Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Алиҷон Шоҳназаров, намояндаи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шавкат Исмоилов ва Ғуломҷон Мирзоев, профессорони ДДМИТ ширкат ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Бобоҷон Сатторзода, ректори ДДМИТ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуда, аз љумла, қайд кард, ки дар раванди расидан ба Ваҳдати миллӣ аз қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкиму густариши сулҳу субот, эҳёи Ваҳдати миллӣ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки миллати тоҷик аз парокандагӣ эмин монда, Тоҷикистони азизу муқаддасро аз пора-пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшид.
- Қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Моро зиракиву ҳушёрии сиёсӣ мебояд, то ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Дарвоқеъ, Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат барои насли инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум мекунад. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд. Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки дар атрофи сиёсати сулҳофаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем,- гуфт ректор дар давоми суханронии худ.
Сипас, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Нозим Маҳмадизода нутқ эрод намуда, таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар идома Зоир Ҳабибзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шавкат Исмоилов ва Ғуломҷон Мирзоев, профессорони ДДМИТ андешаронӣ намуда, дар хусуси муқаддасоти олӣ будани Ваҳдати миллӣ, зарурати таблиғу ташвиқи ғояҳои сулҳу субот миёни ҷавонон ва пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози ақида кардаанд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро ҳифз кунанд, донанд ва аз он сабақ гиранд, то ин ки бо ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфоии мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.
Ҳамоиш дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия