📢 ЭЪЛОН!!!   

«Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод.

Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025

Муҳтарам _______________________,

Шуморо ба маҳфили илмии “Зеҳн”-и факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзуи:

«Идоракунии хавфҳои молиявӣ-қарзӣ дар шарити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти ҷаҳон: мушкилоти корпоратсияҳо ва давлатҳо»

Дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат сиёсати созандаи иқтисодиро амалӣ намуда, идоракунии хуби хавфҳоро ҳамчун омили муҳими пешбурди фаъолияти самаранок арзёбӣ менамояд.

Ташрифи Шумо ба ин чорабинӣ боиси сарфарозии мо гардида, ба муҳокимаи ҷанбаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ такон хоҳад бахшид.


Сана: 20.05.2026

Соат: 10:00

Макон: Бинои таълимии №3, ошёнаи 2-юм, толори конфронсҳо.



Бо эҳтиром,

Кумитаи тадорукот

Садорати факултети МИБ

РӮЗНОМА

09:30 – 10:00
Бақайдгирии меҳмонон

10:00 – 11:10
Сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм, н.и.и., дотсент Муқимов Қ.М.

11:10 – 12:00
Маърӯзаи д.и.и., профессор, аъзои вобастаи АМИТ Саидмуродзода Л.Ҳ.

Дар мавзуи: «Идоракунии хавфҳои молиявӣ-қарзӣ дар шарити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти ҷаҳон: мушкилоти корпоратсияҳо ва давлатҳо»

14:00 – 14:40
Саволу ҷавоб

14:40 – 14:50
Музокира ва натиҷагирии кори семинари донишгоҳӣ