ЭЪЛОН!!!
Ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён ва тамоми омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон расонида мешавад, ки санаи 05 июни соли 2026, соати муқарраршуда дар толори Шурои диссертатсионии донишгоҳ муҳокимаи диссертатсияи докторанти донишгоҳ Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ баргузор мегардад.
Мавзуи диссертатсия:
«Гуногунсамтии сарчашма ва омилҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (назария, методология, амалия)»
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз пешниҳод шудааст.
Роҳбари илмӣ:
Қандиёрова Дилбар Облоқуловна – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Аз ҳамаи хоҳишмандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар муҳокимаи мазкур иштирок намуда, саҳми худро дар рушди муҳити илмӣ ва таҳқиқотии донишгоҳ гузоранд.
Хуш омадед!
Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng