ЭЪЛОН
Ба маълумоти муҳаққиқон, унвонҷӯён, омӯзгорон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки рӯзи 11 июни соли 2026, соати 08:30, дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳокимаи диссертатсияи докторанти (PhD)-и донишгоҳ Наимов Далер Мадалиевич баргузор мегардад.
Мавзӯи диссертатсия:
«Такмили механизмҳои идоракунии рушди фаъолияти инноватсионӣ дар КАС-и минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)»
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050600 – Иқтисодиёт (6D050608 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ) пешниҳод гардидааст.
Роҳбари илмӣ:
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ.
Аз ҳамаи муҳаққиқон, унвонҷӯён ва дигар хоҳишмандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар муҳокимаи мазкур иштирок намоянд.
Сана: 11 июни соли 2026
Вақт: 08:30
Макон: Толори Шурои диссертатсионии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng