Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ оид ба бехатарии иқтисодӣ

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Таъмини бехатарии иқтисодӣ, намуд ва хусусиятҳои таҳдидҳо дар шароити номуайянӣ», ки 31 октябри соли 2026 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Конференсия ба баррасии масъалаҳои бехатарии иқтисодӣ ва молиявӣ, таҳдидҳои муосир ва роҳҳои таҳкими устувории иқтисодиёт бахшида мешавад.

Самтҳои асосии илмии конференсия:

  • Асосҳои консептуалии бехатарии иқтисодӣ, таҳдидҳо ва хавфҳои геоиқтисодию геополитикӣ.

  • Такмили сиёсати гумрукӣ, рушди гумруки рақамӣ, идоракунии хавфҳои гумрукӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ.

  • Бехатарии занҷираҳои байналмилалии таъминот, логистика ва рушди савдои байналмилалӣ.

  • Бехатарии молиявӣ ва ҷойгоҳи он дар низоми амнияти иқтисодӣ ва миллӣ.

  • Амнияти буҷетӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, сиёсати фискалӣ ва самаранокии сиёсати пулию қарзӣ.

  • Киберамнияти молиявӣ, ҳифзи инфрасохтори рақамӣ ва амнияти пардохтҳои электронӣ.

  • Амнияти сармоягузорӣ ва идоракунии хавфҳо дар фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва бозори коғазҳои қиматнок.

  • Бехатарии иқтисодии корхонаҳо, устувории молиявии бахши воқеӣ ва амнияти молиявии соҳибкории хурду миёна.

  • Хавфҳои молиявии тағйирёбии иқлим, молияи «сабз», иқтисодиёти инноватсионӣ ва Ҳадафҳои рушди устувори СММ.

  • Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳншавии силоҳи қатли ом.

  • Таҷрибаи байналмилалӣ, ислоҳоти институтсионалию ҳуқуқӣ ва дурнамои бехатарии молиявӣ дар шароити дигаргуншавии иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ.

Муҳлати пешниҳоди мавод — то 20 октябри соли 2026.

Дархост барои иштирок ва ё матни маърӯза бояд то санаи зикршуда ба Кумитаи тадорукот пешниҳод карда шавад.

Маводҳои конференсия дар шакли маҷмуаи корҳои илмӣ дар низоми китобхонаи электронии eLIBRARY.RU (РИНЦ) ҷойгир карда мешаванд.

Талаботи асосӣ ба мавод:

  • Ҳаҷм — на бештар аз 6 саҳифа, бо дарназардошти формулаҳо, расмҳо, ҷадвалҳо ва рӯйхати адабиёт.

  • Формат — А4, шакли китобӣ; ҳошияҳо аз ҳамаи тарафҳо 20 мм.

  • Ҳуруф — Times New Roman ё Times New Roman tj, андоза 14; фосилаи байнисатрӣ 1,15; матни асосӣ бо паҳноии саҳифа баробар карда шавад.

  • Маълумоти муаллиф — ҳарфҳои аввали ном ва номи падар, насаб, дараҷа ва унвони илмӣ, ҷойи кор ё таҳсил ва маҳалли ҷойгиршавӣ — дар тарафи рост оварда шавад.

  • Номи маърӯза бо ҲАРФҲОИ КАЛОН дар марказ ҷойгир карда шавад.

  • Шарҳи мухтасар — то 5 ҷумла ва калидвожаҳо — то 7 калима, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шаванд.

  • Рӯйхати адабиёт дар охири матн бо тартиби алифбо, ҳуруфи андозаи 12 ва фосилаи байнисатрии 1 оварда шавад. Истинодҳо дар матн бо шакли [3, 25] нишон дода шаванд.

  • Формулаҳо дар таҳриргари формула сохта шуда, ихтисораҳо ҳангоми истифодаи аввал шарҳ дода шаванд.

Маводҳо бояд дар MS Word омода ва пурра таҳрир карда шаванд. Мақолаҳо бо таҳрири муаллифон чоп мешаванд. Кумитаи тадорукот метавонад маводҳои ба мавзуъ ё талаботи техникӣ номувофиқро ба муаллифон баргардонад.

Суроғаи Кумитаи тадорукот:
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов, 64/14.

Телефон: 908833845 — Солиев Н. А.
Почтаи электронӣ: Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.