ЭЪЛОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи:
«Такмили низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ислоҳоти институтсионалӣ, рақамикунонӣ ва механизмҳои таъмини рушди устувор»
даъват менамояд.
Санаи баргузорӣ: 17 октябри соли 2026.
Муҳлати пешниҳоди дархост ва ё матни маърӯза: то 7 октябри соли 2026.
Самтҳои илмии конференсия
-
Ислоҳоти институтсионалӣ ва дурнамои рушди идоракунии давлатӣ — таҳлили сохтор ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар шароити нави таърихӣ.
-
Нақши идоракунии давлатӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ — фишангҳои давлатии танзими иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар.
-
Рафти амалишавии стратегия ва барномаҳои давлатии рушд — мониторинг ва арзёбии татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.
-
Идоракунии давлатии рақамӣ ва ҳукумати электронӣ — нақши зеҳни сунъӣ, технологияҳои абрӣ, амнияти киберӣ ва хизматрасониҳои электронӣ дар такмили идоракунӣ.
-
Идоракунии маҳаллӣ ва рушди минтақаҳо — мушкилоти муосири худидоракунии маҳаллӣ, тақсимоти буҷет ва роҳҳои устуворсозии иқтисодиёти минтақавӣ.
-
Сиёсати кадрӣ ва хизмати давлатӣ — омодасозии кадрҳои насли нав, баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва фарҳанги касбии хизматчиёни давлатӣ.
-
Ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ — механизмҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рушди инфрасохтор тавассути фишангҳои муосири идоракунии давлатӣ.
Нашри маводи конференсия
Маводи конференсия дар шакли маҷмуаи корҳои илмӣ нашр гардида, дар низоми китобхонаи электронии eLIBRARY.RU (РИНЦ) ҷойгир карда мешавад.
Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо
Матнҳои пешниҳодшаванда бояд пурра таҳрир шуда, ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
-
Андоза ва самти саҳифа: А4, китобӣ; ҳошияҳо аз ҳамаи тарафҳо — 20 мм.
-
Ҳуруф: Times New Roman ё Times New Roman Tj, андозаи 14.
-
Маълумоти муаллиф: ҳарфҳои аввали ном ва номи падар, насаб, дараҷа ва унвони илмӣ, ҷойи кор ё таҳсил, инчунин шаҳр ва вилоят дар қавс; ҷойгиршавӣ — аз тарафи рост.
-
Номи маърӯза: бо ҲАРФҲОИ КАЛОН, дар маркази саҳифа.
-
Шарҳи мухтасар ва калидвожаҳо: шарҳи мухтасар то 5 ҷумла ва калидвожаҳо то 7 калима, бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
-
Матни асосӣ: дар таҳриргари MS Word, бо фосилаи байнисатрии 1,15 ва баробаркунӣ аз рӯйи паҳноии саҳифа. Истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо иҷозат дода мешавад.
-
Рӯйхати адабиёт: дар охири матн таҳти унвони «Адабиёт», бо тартиби алифбо; ҳуруфи оддӣ, андозаи 12 ва фосилаи байнисатрии 1.
-
Истинодҳо: дар матн ҳатмӣ буда, ба шакли [3, 25] оварда мешаванд. Рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуюм саҳифаи онро нишон медиҳад.
-
Ихтисораҳо ва ишораҳои шартӣ: ҳангоми истифодаи аввал шарҳ дода шаванд.
-
Ҳаҷми маърӯза: бо назардошти формулаҳо, расмҳо, ҷадвалҳо ва рӯйхати адабиёт — на бештар аз 6 саҳифа. Формулаҳо бояд дар таҳриргари формула таҳия шаванд.
Маводи конференсия дар таҳрири муаллифон чоп мешавад. Кумитаи тадорукот ҳуқуқи анҷом додани таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳои ба мавзуи конференсия номувофиқ ё бе риояи талаботи техникӣ таҳияшударо ба муаллифон баргардонад.
Суроға ва маълумот барои тамос
Кумитаи тадорукот: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов, 64/14
Телефон: 009-66-66-09 — Раҳимов Ш.
Почтаи электронӣ:
Тоҷ
Рус
Eng