Вобаста ба ин зуҳуроти номатлуб - коррупсия, ки ба иқтисоди мамлакат зарар мерасонад, бо ибтикор ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи январи соли 2007, таҳти №143, бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бо ташаббуси Маҷмаи умумии СММ дар тамоми ҷаҳон 9 декабри соли 2003 “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” эълон гардид.

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо барои аз байн бурдани коррупсия таъкид намуда, иброз доштаанд: «Ин амали нангин обрӯи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва умуман амнияти давлат аст».

Новобаста аз таъкидҳои Сарвари давлат ва роҳбарони сохторҳои гуногун, боз ҳам аз расонаҳои ахбори омма воқиф мегардем, ки бархе аз афрод ба коррупсия даст мезананд. Баъзе аз онҳо ҳатто баъди ба ҷавобгарӣ кашида шудан ва ваъдаи такрор накардани чунин амал, боз онро такрор менамоянд.

Ҷазои пешбинишуда барои ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баъзе давлатҳо нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сахттар аст. Масалан, дар давлати ҳамсоя Чин (Хитой), барои гирифтани маблағҳои калон ҳукми қатл бо мусодираи молу мулк ва барои маблағҳои камтар аз 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ то ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Мо бар он ақидаем, ки ҳамасола зиёд гардидани музди меҳнат ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ метавонад ба коҳиш ёфтани сатҳи коррупсия мусоидат намояд. Мо, ки бо ҷавонон фаъолият мекунем, ҳамеша ба онҳо таъкид менамоем, ки нисбат ба решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд ва ба қадри имкон бар зидди он мубориза баранд. Тавре дар урфият мегӯянд: «Сад нӯшаш ба як нешаш намеарзад», яъне ришваи гирифташуда ба як рӯзи шармандагиву ҷавобгарӣ намеарзад.

Дар кафедраи забони тоҷикӣ ва китобхонаи ДДМИТ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия гузаронида мешаванд. Дар маҷлисҳои кафедра ва китобхона аз ҷониби мудири кафедра ва директори китобхона пайваста таъкид карда мешавад, ки кормандон ва донишҷӯён ба чунин амалҳои номатлуб даст назананд.

Ашхосе, ки ба коррупсия роҳ медиҳанд, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд ва боиси паст гардидани обрӯи худ ва наздиконашон мегарданд.

Дар муқовимат ба коррупсия тамоми қишрҳои ҷомеа бояд бетараф набошанд. Дар ин замина ҳар сол дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд, аз ҷумла вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён. Ин вохӯриҳо ба баланд бардоштани савияи донишҳои зиддикоррупсионии устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ мусоидат менамоянд.

Дар кафедраи забони тоҷикӣ ҷузвдони махсусе мавҷуд аст, ки дар он мавод вобаста ба “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷамъоварӣ шудааст. Тавре аз муҳтавои ин санад бармеояд, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва низоми ҳукумати электронӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ба шаффофият ва беғаразӣ мусоидат намуда, барои пешгирии коррупсия замина фароҳам меорад. Имрӯз шаҳрвандон метавонанд маблағи истифодаи обу барқ ва дигар хизматрасониҳоро тариқи электронӣ пардохт намоянд, ки ин амал барои коҳиш додани ҳолатҳои ришваситонӣ мусоидат мекунад.

Хулоса, тамоми устодони ДДМИТ барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯи донишгоҳ ва решакан намудани зуҳуроти номатлуб коррупсия муборизаи беамон мебаранд. Ин мавқеи шаҳрвандии онҳо аз мақолаву маводе, ки дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр менамоянд, баръало эҳсос мегардад.

 

Савринисо МУҲАММАДИЕВА,

муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ

Ганҷина МУРОДОВА,

сармутахассиси китобхонаи электронӣ