Дар ҷаҳони муосир рушди устувори ҳар як кишвар аз амнияти дохилӣ, риояи қонун ва фазои соломи иқтисодӣ вобаста аст. Мутаассифона, омилҳои манфӣ чун коррупсия, терроризм ва одамрабоӣ мисли занҷирҳои ғафс ба пои пешрафти ҷомеа ҳастанд. Ин омилҳо на танҳо амнияти миллиро халалдор мекунанд, балки ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ таъсири харобиовар мерасонанд. Дар кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон, ин мушкилотҳо метавонанд сабаби аслии камбизоатӣ, муҳоҷирати оммавӣ ва ноустувории иҷтимоӣ гарданд.

Коррупсия ҳамчун «ҳашароти зараррасон» ба системаи давлатӣ ва иқтисодӣ ворид шуда, захираҳои миллӣ ва эътимоди мардумро аз байн мебарад. Вақте ки мансабдорон барои манфиати шахсӣ қарорҳои давлатӣ мегиранд, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо қатъ мешаванд. Масалан, ришваситонӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф сатҳи хизматрасониро паст карда, барои оилаҳои камдаромад дастрасӣ ба тиб ва таҳсилоти хубро маҳдуд месозад.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ коррупсия сармоягузориҳои хориҷиро кам менамояд. Сармоягузорон аз кишварҳое, ки дараҷаи коррупсияашон баланд аст, канораҷӯӣ мекунанд, зеро хавфи аз даст додани сармоя зиёд аст. Дар натиҷа, ҷойҳои нави кор кам мешаванд, бекорӣ меафзояд ва ҳаҷми истеҳсоли дохилӣ коҳиш меёбад. Ҳамчунин, коррупсия боиси нобаробарии иҷтимоӣ мегардад: бойҳо бойтар ва камбизоатҳо камбизоаттар мешаванд, ки ин ҳолат метавонад ба эътирозҳои иҷтимоӣ ва нооромӣ оварда расонад.Терроризм ҳамчун зуҳури шадидтарини зиддиинсонӣ на танҳо ҷони одамонро гирифта, балки фазои умумии амниятро вайрон мекунад. Ҳар як ҳодисаи террористӣ ба иқтисодиёт зарба мезанад: сайёҳӣ қатъ мешавад, ҳаракати тиҷоратӣ суст мешавад ва корхонаҳо фаъолияти худро маҳдуд мекунанд. Масалан, дар минтақаҳои осебпазир сармоягузорӣ ба кишоварзӣ ва саноат кам мешавад, зеро хавфи ҳамлаҳо баланд аст.

Аз ҷиҳати иҷтимоӣ терроризм одамонро ба ҳолати тарс ва изтироб меандозад. Кӯдакон ва ҷавонон аз таҳсил дур мешаванд, занҳо дар хонаҳо маҳдуд мешаванд ва ҳаёти ҳаррӯза халалдор мегардад. Терроризм инчунин боиси муҳоҷирати маҷбурӣ мегардад, ки ин ҳолат захираҳои инсонии кишварро кам мекунад. Дар Тоҷикистон, ки ҳамсоя бо минтақаҳои ноором аст, мубориза бо терроризм талаботи зиёди молиявӣ дорад ва ин маблағҳо метавонистанд барои рушди иҷтимоӣ истифода шаванд.

Одамрабоӣ, хусусан дар шакли тиҷорати одамон (траффикинг), яке аз ҷиноятҳои ҷаҳонӣ аст, ки асосан занон, кӯдакон ва муҳоҷирони меҳнатӣ қурбони он мешаванд. Ин зуҳур ҳаёти оилаҳоро хароб мекунад: кӯдакони рабудашуда аз таҳсил ва рушди солим маҳрум мемонанд, оилаҳо аз ҷиҳати равонӣ шикаста мешаванд.

Иқтисодиёт аз ҳисоби одамрабоӣ низ зарар мебинад. Қувваи кории ҷавон аз кишвар берун мебарояд ё дар шакли ғуломӣ истифода мешавад. Ин ҳолат сатҳи бекориро пинҳонӣ меафзояд ва рушди соҳаҳои гуногунро суст мекунад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ одамрабоӣ эътимоди ҷомеаро ба системаи ҳифзи ҳуқуқ паст мекунад ва ҳолатҳои депрессия, ҷиноятҳои дигар ва тақсимоти иҷтимоиро зиёд мекунад.

Ин се омил бо ҳам алоқаманданд. Коррупсия метавонад терроризмро маблағгузорӣ кунад ва одамрабоиро пинҳон дорад, зеро мансабдорони коррупсионӣ назоратро суст мекунанд. Терроризм фазои ноамн эҷод карда, одамрабоиро осонтар месозад. Дар натиҷа, ҳалқаи бадбахтӣ ба вуҷуд меояд: иқтисодиёт суст мешавад, сатҳи зиндагии мардум паст меафтад, ноумедӣ меафзояд ва ин ҳолатҳо метавонанд ҷиноятҳои бештарро ба бор оранд.

Хулоса, бо вуҷуди таъсири вазнини омилҳои коррупсионӣ, терроризм ва одамрабоӣ ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии халқ, ҳанӯз ҳам умед ба рушди устувор вуҷуд дорад. Барои бартараф кардани ин мушкилотҳо зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа - давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва ҷавонон - дар якҷоягӣ амал кунанд. Таҳкими қонунгузорӣ, шаффофияти идоракунӣ, таълими ҳуқуқӣ аз синфҳои ибтидоӣ, рушди иқтисодии минтақаҳо ва ҳамкории байналмилалӣ метавонанд ин занҷирҳои манфиро шикананд.

Кишвари мо дорои захираҳои бузурги табиӣ, таърихи ғанӣ ва мардуми меҳнатдӯст аст. Агар мо коррупсияро ҳамчун «ҳасад» ва терроризму одамрабоиро ҳамчун «душманони умумӣ» бинем ва муборизаи бешафқат бурдем, метавонем ҷомеаи шукуфон, амн ва адолатпарвар бунёд кунем. Рушди ҳар як шаҳрванд - калиди рушди миллат аст. Биёед, имрӯз барои фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорем ва наслҳои ояндаро аз ин таҳдидҳо ҳифз намоем. Танҳо дар фазои амн, шаффоф ва адолатманд ҳаёти сазовори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имконпазир мегардад.

 

Айдаршо СУЛАЙМОНОВ,

муаллими калони кафедраи

фанҳои табиатшиносии ДДМИТ