35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ САЙЁҲӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардида, дар мамлакат соҳаҳои гуногуни иқтисод ва иҷтимоиёт рушд намуда, барои истифодаи имкониятҳои табиию фарҳангии кишвар шароити бештар фароҳам омад. Яке аз чунин самтҳо соҳаи сайёҳӣ мебошад, чун Тоҷикистон дорои табиати зебо, кӯҳҳои баланд, дарёву кӯлҳо, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ мебошад, ҳамаи ин имконият медиҳад, ки сайёҳӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёбад.
Дар ин даврон барои муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои бештар ба вуҷуд омада, Тоҷикистон чун яке аз давлатҳои дорои имкониятҳои хуби сайёҳӣ шинохта шуд.
Тоҷикистонро кӯҳҳои Помир, Фон, Ҳисор ва дигар минтақаҳои кӯҳсор иҳота кардаанд. Барои дӯстдорони табиат, кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ ва саёҳатҳои пиёдагард чунин ҷойҳо ҷолиб мебошанд.
Кӯли Искандаркӯл, Ҳафтрӯд, кӯли Сарез, кӯлҳои Марғузор, дараҳои Варзоб ва Ромит аз ҷумлаи мавзеъҳое мебошанд, ки метавонанд барои рушди сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти калон дошта бошанд.
Сайёҳӣ танҳо воситаи истироҳат набуда, он метавонад ба рушди иқтисодиёт таъсири мусбат расонида, барои соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ имкониятҳои нави иқтисодӣ фароҳам меорад.
Дар минтақаҳое, ки мавзеъҳои табиию таърихӣ зиёданд, рушди сайёҳӣ метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад. Масалан, сокинони маҳаллӣ метавонанд меҳмонхонаҳои хурд, хонаҳои қабули сайёҳон, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар хизматрасониҳоро ташкил намоянд.
Ҳамин тавр, сайёҳӣ метавонад на танҳо ба рушди як соҳа, балки ба пешрафти дигар соҳаҳои иқтисодиёт низ таъсир расонад.
Дар солҳои охир дар ҷаҳон таваҷҷуҳ ба сайёҳии экологӣ зиёд шудааст, ки. Тоҷикистон барои рушди ин намуди сайёҳӣ имкониятҳои хуб дорад. Кӯҳҳо, дараҳо, пиряхҳо, кӯлҳо ва минтақаҳои табиии кишвар метавонанд барои дӯстдорони табиат ҷолиб бошанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлоли дар кишвар роҳҳо ва иншооти гуногун бунёд ва таҷдид гардиданд, ки ин раванд барои дастрас шудани минтақаҳои сайёҳӣ низ аҳамияти калон дорад. Ҳар қадар шароити сафар беҳтар гардад, ҳамон қадар имконияти ҷалби сайёҳони хориҷӣ бештар мешавад.
Ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд ҳамчун роҳбалад, тарҷумон, мутахассиси меҳмонхона, корманди ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаъолият намоянд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир ва усулҳои нави хизматрасонӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки дар соҳаи туризми мамлакат саҳмгузор бошанд.
Ояндаи соҳаи сайёҳӣ, аз он вобаста аст, ки мо чӣ гуна сарватҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз ва барои наслҳои оянда истифода мебарем.
Шаҳноза ҚУРБОНОВА,
ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng