Истиқлолият барои миллати тоҷик тоҷик неъмати бузург ва муқаддас, оғози давраи нави таърихӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва заминаи асосии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Бо гузашти 35 сол мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистон роҳи пуршарафи созандагӣ ва пешрафтро тай намуда, ба миллати тоҷик имконият дод, ки худро ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият ин сулҳу ваҳдати миллӣ буда, таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдат метавон душвориҳоро паси сар кард ва барои рушди устувори давлат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар солҳои соҳибистиқлоли дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳсозӣ ва энергетика корҳои зиёди созанда анҷом дода шуданд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, роҳҳо, пулҳо, корхонаҳо ва иншооти муҳими иҷтимоӣ ба рушди минтақаҳои кишвар мусоидат менамояд, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, махсусан талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои ободии Ватан мебошад.

Имрӯз ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва ояндаи давлат дар пешрафти Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Истиқлолият ба мо ҷавонон имконият медиҳад, ки дониш омӯзем, соҳиби касбу ҳунар гардем, аз дастовардҳои илму техника истифода бурда, дар рушди ҷомеа саҳми худро гузорем. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мо ҷавонон ин аст. бо дониш, меҳнати ҳалол ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободии Ватан хизмат намоем.

35-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст. Маҳз ин сана моро водор месозад, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр намуда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми худро гузорем.

Бо итминон метавон гуфт, ки истиқлолият кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Агар сулҳу ваҳдат пойдор бошад, ҷавонон соҳиби дониш ва касбу ҳунар бошанд ва ҳар як шаҳрванд барои ободии кишвар саҳм гузорад, Тоҷикистон боз ҳам рушд хоҳад кард.

Моҳрӯ ОРМОНОВА,

омӯзгори кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ